Маҷористон эълон кард, то вақте интиқоли нафти Русия аз тариқи хати лӯлаи "Дружба" ба ин кишвар аз сар гирифта нашавад, бо додани қарзи 90-миллиардевроии Иттиҳоди Аврупо ба Украина мухолифат хоҳад кард. Додани қарз аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба Украина ниёз ба раъйи мусбати ҳамаи аъзои ин иттиҳодия дорад. Бо ин ҳол, ба сабаби наздикии ҳукуматҳои Будапешт ба Маскав, ҳукумати Виктор Орбан дар Маҷористон ҳамеша дар ҳар масъалае аз ин раъй ҳамчун абзори фишор истифода кардааст. Петр Сийярто,...