Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абу Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" шаби 4-ум ба 5 уми март аз пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Душанбе расид. Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз бархе фурудгоҳҳои ин кишвар ба...